БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ҳудуди минтақаи манзилии №1  тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву суҳбатҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз   Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрӣ  доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Ғуриева Муслима ва аъзои гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳр, аз ҷумла вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр  иштирок намуданд.

Ҳамзамон, оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ дар байни ҷавонон ва сокинони кӯчаҳои Калюжника ва А.Рӯдакӣ  корҳои фаҳмондадиҳӣ  бурда,  ҷавононро барои интихобот ва барои пешрафти зиндагии шоистаи халқамон даъват намуданд.

Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ Ҳусензода Фариддун дар баромади худ  қайд намуд, ки мусоидати ҷавононро ҷиҳати ҳифзи Ватан, ҳамкорӣ бо Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои соҳаи маориф, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ, пешгирии ҳолатҳои ифротгароӣ, ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавӣ ва инчунин, барои иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ барои баланд бардоштани номи Ватани азизамон дар самти варзиш  ҷонибдорӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg