НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон аз ҲХДТ Эмомлӣ Раҳмон дар ҳудуди кӯчаи ба номи Ализодаи Ҷамоати Деҳоти Пули Сангини шаҳр ҷамъомад бо сокинон баргузор гардид.
Сараввал аъзои гурӯҳи тарғиботӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак аз ҳавзаи интихоботии №35 Асламзода Акбар дар суханронии худ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, моҳияти барномаи рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи марудумро ба дарки ҳамагон расониданд.
Инчунин, аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроия Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2020-2027-ро дар бар мегирад, ба таври возеҳ шарҳ дода шуд.