БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар маҳал аз ҷониби сокинон дастгирӣ ёфта истодааст

ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор тибқи ҷадвали тасдиқшуда бо сокинони деҳаи Фозилони ҷамоати деҳоти Ғайрат вохӯрӣ  баргузор  намуданд.

Масъулин бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ суҳбат ороста, дар бораи масъалаҳои муҳими самтҳои афзалиятноки фаъолият ҲХДТ, оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатарҳои терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳаракату ташкилотҳои террористию ифротӣ, пешгирии нашъамандию нашъаҷаллобӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, таъмини бехатарии Истиқлолияти давлатӣ ва сарҷамъию муттаҳидии  мардум  суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ташкилотҳои террористию экстремистӣ зиёд дар дунё фаъолият менамоянд, ки таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти Тоҷикистон ва ҷаҳон ба ҳисоб мераванд.

Махсусан ба ноҳияи Фархор, ки тақрибан 70 км марзи муштарак бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дорад, ки аз нисф зиёди марз дар дасти ҳаракати террористӣ-экстремистии Толибон ва ДОИШ қарор дорад, вақтҳои охир бо пайдо шудани аъзои ташкилоти террористӣ -экстримистии ДОИШ дар Ҷумҳурии ҳамзабону ҳамфарҳанги Афғонистон моро водор месозад, ки бо мардум бештар суҳбату вохӯриҳо баргузор намоем ва онҳоро аз ин вабои аср огоҳ намуда, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии маҳаллаҳо муттаҳид созем. Зери  сиёсати хирадмандони Пешвои миллат ояндаи ин миллати тамаддунофарро дурахшонтар бисозем.

Дар охири  вохӯрӣ  масъулин ба суолҳои сокинони деҳа ҷавобу маслиҳатҳои муфид дода,  ба иштирокчиён маводҳои  таблиғотӣ дастрас карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg