ТЕМУРМАЛИК. Дар деҳаи Зарнисори ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид ва кормандони масъули Кумитаи иҷроия бо сокинони деҳа мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот Раҷабзода Маҳмадсаид баромад карда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва натиҷаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯъи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез»-ро ба ҷамъомадагон фаҳмонид.
Зимни суханронӣ мавсуф оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сирояткунанда, тарғиби фарҳангӣ миллӣ ва пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ миёни занону бонувон, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳлияи ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ ва ҷалби онҳо хизмати Ватан, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона андешаронӣ намуд.
Баъдан доир ба суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид сокинони деҳа Сидиқова Соҷидамо ва Раҷабов Амонулло андешаҳои худро баён намуда, хоҳиш карданд, ки онҳоро ба сафи ҲХДТ қабул карда, дар деҳаашон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис диҳанд.