БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ - ИН ИШТИРОК ДАР ТАШКИЛИ ОЯНДАИ ХУД АСТ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар асоси нақшаи тасдиқшуда оид ба шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон  бо сокинони деҳаҳои Бофанда, Янгиюл ва Ҷ. Балхӣ вохӯрӣ доир намуданд.

Масъулин дар вохӯрӣ қайд намуданд, ки воқеан, адлу инсоф ва дилу нияти пок возеҳан шаҳодат медиҳад, ки ҷоннисориҳо, азхудгузаштанҳо ва фидокориҳои ин абармарди дунёи сиёсат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ба ҳам овардани халқи парешонгашта, эъмори Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва баланд бардоштани нуфузу эътибори миллати тамаддунофари мо дар арсаи байналхалқӣ буду ҳаст. Бояд қайд намуд, ки интихобкунандагони деҳаҳои мазкур масъулонро бовар кунониданд, ки дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 - уми октябри соли равон баргузор мешавад, фаъолона ширкат намуда, ба номзади арзандаи худ, раъй медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg