БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОКИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД ДАР ИНТИХОБОТ ЭЪТИРОФИ ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТӢ ВА ҲУҚУҚБУНЁД АСТ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси тарғиботчиёни Ситоди ноҳиявии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар доираи ҷадвали тасдиқшуда оид ба баррасии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Бохтариён бо аҳолии деҳаҳои ПТШ, Бохтариён, Маҳалла, Махсумобод, Ҳоҷибой ва Бибихуррам  вохӯрӣ  гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ аъзоёни Ситод  оиди барномаи пешазинтихоботии номзад ҳарф зада, ёдовард шуданд, ки  воқеан ҳам барои мо-мардуми шарафманду сарбаланди тоҷик боиси ифтихору сарфарозист, ки чунин як абармарди ватандӯсту халқпарвар ҳамчун арзандатарин номзад ба мансаби Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон пешбарӣ гардиданд.

Ҳангоми ворид шудан ба майдони сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як фурсати кӯтоҳ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки дар он шабу рӯз мардумро парешониву Тоҷикистонро нобудӣ таҳдид мекард, хотима бахшиданд. Миллати парешонгаштаро сарҷамъ намуданд, Тоҷикистони парокандаро ба ҳам оварданд. Минбаъд рӯз то рӯз Ватани азизамон пеш рафт, тараққӣ кард, мардумро ба зиндагии беҳтар таъмин намуданд.

Инчунин, оид ба иштироки ҳар як шахс дар интихобот масъулин ибрози ақида карда, гуфтанд, ки  иштироки ҳар нафари ба синни 18 расида дар интихобот муҳим аст ва ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ арзёбӣ мегардад. Ҳар як шахсе бояд худ ба участкаи интихоботӣ рафта, овоз дихад мумкин нест, ки як нафар ба ҷои чанд нафари  дигар овоз диҳад.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg