БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ САҲМГУЗОРӢ ДАР ДАВЛАТИ НАВБУНЁДИ ТОҶИКИСТОН АСТ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои Ситоди ноҳиявии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Бохтариён бо аҳолии деҳаҳои ба номи С. Муродов ва Д. Азизов мулоқот доир намуданд.

Таблиғотчиён дар назди интихобкунандагон дар бораи муҳтавои  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои  даврони соҳибистиқлолии кишвар дар тӯли 29 сол,  пешрафту ободии Ватан дар ҳафт соли гузашта ва  ҳадафҳои созандаи Барномаи пешазинтихоботии номзад барои ҳафт соли оянда  андешаронӣ карда, интихобкунандагонро  барои саҳм гузоштан дар иқдому амалҳои созанда, иштироки фаъолона дар маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иштироки ҳар як шаҳрванд дар он муҳим арзёбӣ мегардад, даъват намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg