БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - РОҲНАМО БА СӮЙИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тарғиботчиёни назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҳамарӯза муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро миёни интихобкунандагон таблиғу ташвиқ  карда, бо усули “хона ба хона”  як қатор корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда истодаанд.        

Ин навбат бошад, чунин чорабинии ҳизбӣ дар деҳаи ба номи Умари Хайёми Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён  доир гардида, дар он намояндагони ҳизбӣ атрофи  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  андешаронӣ карда, самтҳои асосии Барномаи мазкур, ки барои ҳафт соли оянда нигаронида шудааст, ба дарки ҳамагон расониданд.

Инчунин, масъулин дар идомаи суҳбат вобаста ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз мавҷи дуюми  бемории сироятии коронавирус фикру андешаҳои хешро баён дошта, сокинонро таъкид карданд, ки  ягона роҳи пешгирӣ аз ин бемории ҳамагир  риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар  оила ва гигиенаи шахсӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg