БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД ДАР МАҲАЛ ИДОМА ДОРАД

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти  бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи нақшаи кории гурӯҳи тарғиботӣ бобати таблиғи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо интихобкунандагони деҳаи Тоҷикистони Ҷамоати деҳоти Қумсангир вохӯрӣ баргузор намуданд.

Масъулин зимни баромадҳои хеш вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ   муфассал суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба ин рӯзҳои нек расидем. Мо дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гаштем.

Ҳамчунин, дар раванди чорабинии мазкур ба интихобкунандагон маводҳои тарғиботии ҳизбӣ тақсимот карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg