ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи нақшаи корӣ гурӯҳи тарғиботии ноҳиявӣ дар деҳаи Ҳазорчашмаи Ҷамоати деҳоти Қумсангир вобаста ба тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот бо интихобкунандагон доир гардид.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби аъзои гурӯҳи тарғиботӣ Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муфасал шарҳ дода шуда, дастовардҳо дар давоми 7 соли сипаришуда ва нақшаҳои барномавии таҳияшуда барои солҳои 2021-2027 ба иштирокчиён ироа шуданд. Аз ҷониби гурӯҳи тарғиботӣ маводҳои иттилоотӣ тақсимот карда шуд.
Дар охир аз ҷониби иштирокчиён баён гардид, ки номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.