БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ХОТИРИ ИМРӮЗУ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИНТИХОБОТ ИШТИРОК МЕКУНАМ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи ҷадвали суҳбату  вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Сариёзии боло вобаста ба масъалаи иштирок дар интихоботи Президентӣ мулоқот баргузо карда шуд.

Дар ин мулоқот узви гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Зиракӣ З. Ғоибова ва корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иштирок ва баромад намуданд.

Зулфов Муҳаммадҷон  намояндаи Кумитаи  иҷроияи шаҳрии ҳизб дар бораи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, иброз дошт,ки дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилае қарор дорад, ки аз як ҷониб маъракаи муҳимми сиёсӣ -интихоботи Президентӣ ва аз ҷониби дигар омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ   идома дорад. Аз ин лиҳоз моро зарураст, ки аз ҳарвақта дида масъулияти зиёдро эҳсос намуда, дар интихоботи Президентӣ фаъолона иштирок намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg