КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Интихобот воситаи муҳиму арзишманди рушди ҷомеа ва мамлакат буда, иштирок дар он иҷрои қарзи шаҳрвандӣ аст.
Бо мақсади ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маҳаллаи Сариёзии миёнаи шаҳри Кӯлоб хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Дар ин вохӯрӣ узви гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Зиракӣ З. Ғоибова ва Муҳаммадҷон Зулфов корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иштирок ва баромад намуданд. Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки интихобот ҳамчун унсури давлати демократӣ ва ҷомеаи огоҳ дар амалигардонии ҳуқуқҳои инсон нақши асосӣ дорад ва ҳар як шаҳрванди худогоҳро зарур аст, ки бо истифода аз ҳуқуқҳои худ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок карда, мавқеи хешро муайян намоянд.