БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИВАЗИ НОМ БА ҶОИ ТАҚВИЯТ

ВОКУНИШ. Ташкилоти террористӣ- экстремистии мамнуъгаштаи собиқ ҲНИ худро “Паймони миллии” ва Гурӯҳи 24 бошад,  худро “Ҷумбиши ислоҳӣ ва рушди  Тоҷикистон” номгузорӣ  кардаанд, ки ин аз надоштани иродаи қавӣ ва аз сиёсат дур будани аъзои ин ташкилотҳо шаҳодат медиҳад.

Имрӯз бархе аз шахсон ва гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ин фазои ороми ҷомеаи Тоҷикистонро чашми дидан накарда, мехоҳанд  дар байни мардум ҳар гуна фитна ва иғво ангехта, дар пешорӯи маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ақидаи мардумро парешон созанд, ба ин гуна одамон Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин,  Шарофиддин Гадоев ва дигар ҳаммаслакони инҳо, ки аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ- экстремистии мамнуъгаштаи собиқ ҲНИ ва хоинони миллати тоҷик мебошанд, ба шумор мераванд.

Мехоҳам якчанд андеша ва фикри худро доир ба баромади яке аз хоинони миллат Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ба воситаи пахши мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шуд, баён намоям.

Ҳар нафаре, ки баромади ин касофати Муҳаммабдиқболи Садриддинро тамошо намояд,  хуб дарк мекунад, ки мақсади асосии ин хоин  чӣ мебошад ва ӯ чи мехоҳад. Ин бадбахт танҳо ҳамон суханонеро такрор менамояд, ки аз ҷониби соҳибонаш ва хоҷагони хориҷиаш, ки аз ҳисоби онҳо шикамашро сер мекунад ва устухонеро, ки ба назди саг ба ӯ мепартоянд, баромад намуда, аз гапи онҳо намебарояд. Чуноне, ки бузургон гуфтаанд:

         Саге, ки туъмаи ӯ устухон аст,

         Ба ҷону дил муҳиби хонадон аст.      

Дар ҳақиқат зебо гуфтаанд бузургони мо,  ин нафарон ҳамон сагонеро мемонанд, ки устухони соҳибонашонро истифода мебаранду ба гуфтаи онҳо амал менамоянд. Боз ҳадафҳои нопоки ин гурӯҳҳои террористӣ ба идеалогияи мардуми мо роҳ меёбад? Не! Агар садҳо  созмону иттиҳодияҳо ташкил диҳанду  дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври пахши мустақим рӯзҳо ҳатто моҳҳо суханронӣ намоянд, номи баду аъмоли нопоку фассоди онҳо, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта ба сари миллати тоҷик оварданд, боз ҳам муваффақ нахоҳанд гашт, зеро имрӯз симои разилонаи   онҳо ба  тамоми ҷаҳон муаррифист.

Ин хоини миллат дар баромади хеш танҳо ба саволҳо ва пешниҳоди ҳамон муҳоҷироне посух медод, ки аз бесаводӣ гумроҳ гаштаву ба ақидаҳои аблаҳонаи ин хоинон  розӣ мебошанд. Вале он нафаре, ки бар зидди суханони онҳо гап мезанад ва аз дастовардҳои Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ сухан меронад, гӯш кардан намехоҳанд ва ҳатто ба занги он нафар ҷавоб намедиҳанд. Ба ақидаи ин касофатҳо гӯё танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷир ҳастанду халос ва муҳоҷир гуреза мебошад.

Дар асл муҳоҷирон гуреза нестанд. Имрӯз давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони тоҷик дар давлатҳои хориҷа, ба як чанд давлатҳои ҷаҳон, махсусан бо Федератсия Россия як қатор шартномаҳои байнидавлатӣ  ба имзо расонидааст. Вақте, ки Тоҷикистони азизи мо  Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард ва орзуи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик амалӣ гашт, ҳамин гурӯҳҳои мухолифин, ба мисли ҲНИ, созмонҳои “Растохез” ва “Лаъли Бадахшон” буданд, ки оромиву сарҷамъии миллати тоҷик ва якпорчагии Тоҷикистони азизро нахоста, дар байни аҳолӣ бар зидди ҳукумат фитна ангехта, дар мамлакат ҷанги шаҳрвандиро ба амал оварданд.

Дар бобати муввақатан баста шудани масҷидҳо ҳаминро гуфтанӣ  ҳастам, ки  ҳамагон огаҳӣ дорем муддати қариб 10 моҳ мешавад, ки тамоми ҷамеаи ҷаҳонро беморие, ки коронавирус (COVID-19) ном гирифтааст, ба ташвиш овардааст ва маҳз ба хотири пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли ин беморӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми мамлакатҳои исломии ҷаҳон дарҳои масҷидҳо муваққатан баста шудааст, ҳатто дар мамлакате, ки сарчашмаи пайдоиш ва зуҳури дини мубини Ислом,  яъне Арабистони Саудӣ  мебошад,  дарҳои Макка ва Мадина низ муваққатан баста шуда буд ва  суханони ин хоинон баҳонае барои дар байни мардум иғво ангехтан мебошад, ки аз номи поки дини мубини Ислом ва рукнҳои он истифода мебаранд. Як нуктаро мехоҳам иброз намоям:

Ислом, ки ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост.

Маҳз дар солҳои 90-уми асри гузашта аъзои Ташкилоти террористӣ- экстремистии мамнуъгаштаи собиқ ҲНИ бо ҳамин роҳу усул дар масҷидҳо дар байни мардум фитна андохта,  мардумро бар зидди ҳукумати конститутсионӣ бароварданд, ки ин ба ҷанги шаҳрвандӣ  оварда расонид. Мақсади ин гурӯҳҳои  террористӣ танҳо ғасби ҳокимият асту бас. Боз дар андешаи қатли чанд нафар аз мардон, занон ё кӯдакон ҳастед? Ба андешаи худ “ғамхори миллат”-ед. Чӣ қадар ҷавононро гумроҳ намудед. Боз чӣ нақшаҳо доред?

Ман ҳамчун як ҷавони тоҷик дар мубориза бар зидди чунин созмонҳои террористию экстремистӣ бетараф набуда, ба ҳамсолон ва тамоми ҷавонони Тоҷикистон  ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи давлату миллати тоҷикро ба ҷавонон бовар кардаанд, мо ҷавонон дар баробари чунин дастгириҳои Пешвои миллат, ки нисбат ба ҷавонон доранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ваъдаҳои дурӯғи чунин созмонҳо дода нашуда, пайи ободию созандагии Ватани азиз бо иродаи комил ва дасту дили пок азм намоем.

Бо шукргузорӣ аз фазои ороми Тоҷикистон ва бо истифода аз ин фурсат аз номи худ тамоми сокинони мамлакат ва дар симои онҳо кулли тоҷикони ҷаҳонро ба муносибати 29- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд рӯз муқаддам дар саросари Тоҷикистони биҳиштосо дар фазои орому осуда, Ваҳдати миллӣ ва амнияти комил таҷлил карда шуд, табрику муборакбод менамоям.

Расулов Ғолиб, мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон                     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg