БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қ. МИРАЛИЁН: "МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР МЕБОЯД"

Имрӯз, 19 сентябр Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бобати ду масъала, фаъолияти Ситод оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷагирӣ аз раванди обуна ба нашрияҳои ҳизбии "Минбари халқ" ва "Ҳамрози халқ" видеоконференсия баргузор намуд.

Дар гуфтугӯи видеоӣ раиси кумитаи иҷроияи вилоятӣ таъкид кард, ки дар баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз оддитарин узви ҳизб сар карда, то масъулони болоӣ бояд саҳмгузор бошем. Ин маъракаи муҳим муттаҳидию ҳамдастӣ ва масъулияти шахсӣ мехоҳад.

Зимнан, Миралиён Қиёмиддин қайд дошт, ки раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо бояд фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботиро боз ҳам бештар такмил бахшида, корҳои машваратиро бо вакилону раисони маҳаллаҳо, ки бевосита узви фаъоли ҳизб мебошанд, густариш диҳанд. "Гурӯҳҳои тарғиботчиён бояд миёни омма моҳияти иштирок дар интихоботро дуруст фаҳмонанд то ин ки мардум бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштироки фаъолона дошта бошанд," – гуфт М. Қиёмиддин.

Ҳамзамон ба раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботиро дар асоси меъёрҳои муайяншуда бознигарӣ намоянд.

Ҳамчунин, марбут ба масъалаи дуюм – раванди иҷроиши нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вобаста ба ду масъалаи баррасишуда, ба масъулони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳое, ки фаъолияташон назаррас аст, изҳори сипос кард. Дастур дода шуд, ки аз таҷрибаи муваффақонаи якдигар бояд ба манфиат истифода баранд. 

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg