БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мубориза бар зидди таассуби динӣ вахурофот-муборизаи дастаҷамъонаро металабад

ПАНҶ.Ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва  амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи вилоятии дар деҳаи Қумариқи ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинови ноҳия бо сокинон вохӯрӣ доир гардид. 

Боназардошти он, ки ин сол бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи вилоятӣ Соли  тақвияти робитаи ҳизб бо маҳал эълон гардидааст,  бинобар ин  вохӯриҳо дар  байни сокинони ҳамаи маҳаллаву деҳаҳои ҷамоатҳои деҳот баргузор шуда истодаанд.

Маҳз робитаи зич бо аҳолӣ, пайваста  даст рӯи набзи авзои сиёсии ҷомеа ниҳодан ва дар ин асос мусоидат кардан дар шаклгирии  дурусти афкори умум калиди асосии ҳамаи комёбиву пешравиҳо ба ҳисоб мераванд.

Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷдар баромадҳо оид ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ва фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ  намуданд.

Сараввал оид ба шарҳу тавзеҳи суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли зиё, Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сафарбар намудани сокинон баҳри татбиқи 3 ҳадафи асосии он, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ  сухан рафт.

Баъдан, оид ба аз байн бурдани хурофот бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти аҳли ҷомеа баромади намояндаи дини ҷамоати номбурда шунида шуд.Албатта, маълумоти дурусти динӣ надоштан ва аз фарҳангу маърифати инсонӣ бехабар будан боис мегардад, ки афроди дурусти ҷомеа ба чунин залолату хурофотҳо бовар кунанд ва аз он пайравӣ намоянд.

Дар ҳоле, ки дар ҷомеаи кунунӣ муассисаҳои расмии динӣ фаъолият доранд ва аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ сиёсати махсуси динӣ пеш бурда мешавад, арзи ҳастӣ доштани ин гуна падидаҳо ва ривоҷ ёфтани он миёни мардуми авом як падидаи номатлуб ба шумор меравад.

Аз ин рӯ, танҳо муборизаи сохторҳои марбута баҳри пешгирӣ намудани чунин зуҳурот ва сиёсати раҳнамоии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин ҷода басанда набуда, балки ҳама аҳли ҷомеаро зарур аст, ки нисбат ба ин масъалаҳо бетарафӣ зоҳир накунанд.         

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg