КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар шаҳри Кӯлоб номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бовариноки онҳо бо сокинон вохӯрӣ доир гардид.
Нахуст, Хушвахтов Исмон раиси ҳавзаи интихоботии Кӯлоб - 45 ба иштирокчиён номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳоро шинос намуд.
Сипас, Рустам Латифзода раиси Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Абдуҳалим Ғаффорзода раиси Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, инчунин, идомаи мулоқот шахси бовариноки номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шоҳиён Нуралӣ Набот ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, Мироҷ Абдуллоев раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва Ҳақназарзода Фирӯз шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон дар доираи вақти муайянгардида Барномаҳояшонро номзадҳо ва шахсони боэътимодашон ба интихобкунандагон муаррифӣ карданд.
Дар охир аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки барои пиёда сохтани ҳадафҳои созанда камари ҳиммат баста, дар маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад, иштирок намуда, ба номзади арзандаи хеш овоз диҳанд.