БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУРОҶИАТНОМАИ АЪЗО ВА ҶОНИБДОРОНИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН ОИД БА ИЗҲОРОТИ “ГУРӮҲИ 24”

Мо, ҳизбиёни ноҳияи Ёвон ҳилаву найрангҳои аъзои “ГУРӮҲИ 24”- ро, ки аз пайравони ТЭТ ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати исломӣ мебошанд ва имрӯзҳо ба хотири ноором сохтани вазъи кишвар ва халалдор сохтани маъракаи муҳими сиёсӣ, Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ менамоянд, пурра маҳкум менамоем.

Мо мардуми тамаддунофар ва бофарҳанги тоҷикро воқеаву ҳодисаҳое, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир ва алалхусус, дар олами ислом рух дода истодаанд, бетараф гузошта наметавонад.  Махсусан ҳодисаҳои охири давлати ба мо дӯсту бародари Беларусия, ки баъд аз интихоботи Президентӣ ба низоҳои байни ҳамдигарӣ ва майдоншиниву эътирозҳои оммавӣ сар задааст, бояд бетараф нагузорад. Мо, ки дар пешорӯи як маъракаи бисёр ҳам муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, бояд аз ҳар вақта дида ҳушёру зирак бошем ва нагузорем, ки ягон ҳизбу ҳаракат ва ҳатто гурӯҳ ба осоиштагии миллати тоҷик халал ворид насозад.

Такроран ба иттилоӣ ҳамватанони азизам мерасонам, ки наҳзатиҳои хиёнатпеша баъд аз он, ки дар хориҷи кишвар паноҳ бурданд, дар як муддати кӯтоҳ ивази ном намуда, ТЭТ ҲНИ” –ро бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” ва “Гурӯҳи 24”-ро бо номи “Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” номгузорӣ намуданд, ки ин нишонаи зайифии сиёсатмадорони қолабӣ аст, зеро барои тақвияти ном ва ё ташкилот иродаи пурқудрат ва солим лозим аст, ки наҳзатиҳо онро надоранд.

Воқеан, имрӯз аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  нерӯи бузурги  ҷамъиятанд ва зарур аст, ки қувваи тавонояшон солиму бенуқсон бошад. Шоиста нест, ки ҳизбиён гирифтори қавли бебунёди се-чор нафар хурофотпарасту ифротгаро шуда, арзишҳои олии миллӣ ва ватандории худро нодида гиранд.  

Боиси таассуф ва нигаронист, ки имрӯз аз ҷониби ҳамватанони мо аз хориҷи кишвар бо дастуру ҳидоятҳои хоҷагони ба онҳо маълум амалҳои носавобу бехирадона сар зада истодаанд. Дар зиндагии ҳаррӯза мушоҳида мекунем, ки ақидаҳои иғвогаронаи бо ном пуштибонҳои миллат ба зеҳни  як идда мардуми мо, алалхусус ҷавонон сироят карда, ақида ва равиши онҳоро нисбат ба дин, мазҳаб, миллат ва Ватан тағйир дода истодааст. Вақте мебинем, ки наҳзатиён ва саркардагони оташи ҷанги шаҳрвандӣ дастовард ва пешравиҳои  кишвари моро нисбат ба ин арзишҳои муқаддас беэҳтиромӣ зоҳир мекунанд, мо бояд хомӯшу бетараф набошем.

Таърих собит намудааст, ки аҷдоди гузаштаи мо дар асоси ақидаи солим, маорифпарварона ва инсондӯстонаи худ дар зеҳни мардуми олам ақидаҳои таҳаммулгароёна ва тараққихоҳонаро тавсиа ва такмил додааст. Аз ин лиҳоз, ба намояндагони миллате, ки бо маърифати ирсии худ барои бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва фарҳангӣ асос гузоштаанд, ба доми фиреби миллатситезону қудратталабон афтодану  тақдири ояндаи миллатро зери хатар мондан шоиста нест.

Пӯшида нест, ки миллати тоҷик дар давоми асрҳо бо пешниҳоди ақидаҳои таҳаммулгароёнаи худ қаламрави дини мубини исломро васеътар намудааст. Аз ин рӯ, мо ҷавононро зарур аст, ки рисолати таърихӣ ва инсонии миллати номдори худро идома дода, барои аз байн бурдани андешаҳои зиддиинсонӣ ва зиддидинӣ саъю талош намоем.

Агар насли ҷавон худогоҳ ва зираку ҳушёр набошад, дар ҷаҳони имрӯзаи пур аз мухолифатҳо ҳифзи арзишҳои милливу таърихӣ мушкил мегардад. Мо бояд хуб дар ёд дошта бошем, ки бесарусомониҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар Ватани маҳбубамон натиҷаи ғафлатзадагии як зумра донотарошон буд.

Ҳамватанони азиз, огоҳ бошед, ки онҳое, ки ҳамчун навкарони содиқи хоҷагони салтанатҷӯи худ имрӯз шахсони  камтаҷрибаро бо ҳаргуна фиребу найранг ба доми фиреб мекашанд, фикри ояндаи моро надоранд. Онҳо бо ақидаҳои пучу бемағзи худ мехоҳанд худро «мусулмонони ҳақиқӣ», «надимони ислом» ва “ватандорони асил” вонамуд карда, бо ҳиллаву найрангҳои пасипардагии худ дар байни миллат ҷудоӣ андозанд. Мақсади ғаразноки онҳо дар асли худ ягон заррае ба ислом ва ободии Ватан робита надорад.

Имрӯз сарнавишти талхи мардуми овораи як қатор кишварҳои ҷаҳон барои ҳар нафаре, ки барояш дину имон ва Ватану давлат арзиш доранд, сабақи бузургест.

Оё  мо имрӯз аз неъматҳои Худододи сулҳу амният бархӯрдор нестем? Оё мо то ҳамон дараҷа бемаърифату ғафлатзада ҳастем, ки фирефтаи даъватҳои назарфиребонаи чанд нафар бемаърифатон шуда, аз неъматҳои Офаридгор рӯ метобем.

Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки танҳо ва танҳо сулҳу суботи ҷомеа метавонад заминаи ободӣ, пешрафти илму ҳунар, дину фарҳанг ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мо шавад. Пешоҳангони гурӯҳҳои ифротию террористӣ зери  ниқоби дини мубини ислом панаҳ бурда, ҳизбу ҳаракатҳои зиёдеро созмон додаанд. Мо бояд бо чашми ақл бубинем, ки он бунёдкунандагони хилофати ба ном исломӣ дар мамолики исломии Шарқ аз зудбоварии насли ҷавон истифода бурда, мехоҳанд сулҳу суботи ҷомеаро барҳам зананд.

Имрӯз мо ифтихор мекунем, ки халқ ва Ватани азизи мо баъд аз садсолаҳо соҳиби истиқлолияти давлатӣ гаштаанду, армони деринаи ниёгони мо амалӣ шуда истодаанд. Шукрона мекунем, ки миллати саодатманди мо дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолонаву якдилона иштирок намуда, симои фарзанди фарзонаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои хирадманду халқпарвареро пайдо хоҳанд намуд. Имрӯз мо, ҳизбиёни ноҳияи Ёвонро зарур аст, ки дар қатори ҳама сокинони кишвар дар атрофи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, барои рушду ободии сарзамини биҳиштосоямон бештар аз  ҳар вақти дигар саъю талош варзем. Мо дар ҳамбастагӣ нерӯи бузургу муқтадире ҳастем, ки ҳеҷ қувваи ғаразноке наметавонад ваҳдати моро халалдор намояд.     

Дигар касе ва чизе наметавонад иродаву матонати ин миллату давлатро бишканад, зеро рoҳи мо роҳи Ваҳдат, Садоқат ва Муҳаббат нисбат ба обу хоки Ватани азиз- Тоҷикистони соҳибистиқлоли мову шумост. Поянда бод нерӯи шикастнопазири ҳизбиёни ватандӯсти Тоҷикистон!

Раёсати  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg