БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАЛАСАИ СИТОДИ НОҲИЯВИИ ҲИЗБӢ ДОИР ГАРДИД

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷаласаи Ситоди ноҳиявии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузаронида  шуд.

Маҷлиси ситодро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  Халилзода Сафар кушода,  вазифаҳои аъзои ситодро  ҷиҳати таблиғу  ташвиқи  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба  таври мушаххас  фаҳмонид. Дар маҷлис котиби ситод Саидҷалол Сатторов дар бораи корҳои анҷомдодашудаи  гурӯҳи таблиғотӣ ва зергурӯҳҳои он, нақшаи кории гурӯҳ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ ҳисобот дод.

Дар маҷлис  ҷадвали навбатдории  Ситоди ноҳиявии  пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg