БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИРОДАИ НОСОЛИМ ВА Ё ИВАЗИ НОМ БА ҶОЙИ ТАҚВИЯТ

ВОКУНИШ. Дар як муддати кӯтоҳ иваз намудани номи ҲНИ бо номи Паймони миллии Тоҷикистон, гурӯҳи 24 бо номи Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ин нишонаи зайифии сиёсатмадорони қолабӣ аст, зеро барои тақвияти ном ва ё ташкилот иродаи пурқудрат ва солим лозим аст, ки наҳзатиҳо онро надоранд.

Айнан расо як сол муқаддам аз санаи 16 то 26 сентябри соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Лаҳистон (Полша) шаҳри Варшава Ҷаласаи САҲА баргузор гардида буд, ки дар он душманони миллату давлати тоҷик, гурӯҳҳои террористӣ- экстремистӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ, Паймони миллӣ, Гурӯҳи 24 ва дигар гурӯҳҳое, ки мухолифони давлату ҳукумат ҳастанд, иштирок намуда буданд.

Шоми 16-уми сентябри соли равон як барномаи фалаҷгаштаву солҳо куҳнагаштаи наҳзатиҳо рӯйи наворҳои сомонаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд. Чун ҳамешагӣ бо навбат. Як муддат М. Кабирии лаъин, як вақт Гадоев Ш. Ватангадо ва боз пайдо шудааст Муҳамадиқболи Садриддин. Дар маҷмуъ оқшудагони миллати тоҷик ва хиёнаткорони Ватан ва модари тоҷик.

Маҳфилашон макони масхарабозон ва иғвоангезонеро мемонад, ки ҳадафашон коштани донаи кинаву бадбинӣ аст. Дар асл гирем қудрат ва мансаб мехоҳанд, ки насибашон намегардад. 

Дар як муддати кӯтоҳ иваз намудани номи ҲНИ бо номи Паймони миллии Тоҷикистон, гурӯҳи 24 бо номи Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ин нишонаи зайифии сиёсатмадорони қолабӣ аст, зеро барои тақвияти ном ва ё ташкилот иродаи пурқудрат ва солим лозим аст, ки наҳзатиҳо онро надоранд.

Нотиқони қолабии наҳзатӣ зимни суханрониашон дар барномаи  мазкур танҳо мавриди паст зандани Пешвои миллат,Ҳукумату давлати Тоҷикистон  бо ҳазор кинаву ҳасудӣ аст.

Миллати тоҷик ба ягон Паймон, ҷунбиши ислоҳотӣ ва ҳатто пуштибоне чун наҳзатиҳои пастфитрату манкурт ниёз надорад, зеро мо пуштибону такягоҳе чун Пешвои миллат дорем, ки ифтихори миллат ва давлати Тоҷикистон аст.

Ҳамчун як зан ва фарди Тоҷикистони азиз ҳар гоҳе, ки Парчами давлатиро паси он хоинон мебинам, дилам реш мешавад, тавон мехоҳам то Парчамамро азон макони носолим, аз он мавзеъи беадолатию пур аз хиёнат бардорам.  Парчами Тоҷикистон зеби дасти тоҷики асил, ватандору ватандӯст ва далеру  шуҷои миллат аст на зеби маҷлиси номардону хоинони Ватан.

Бо ҳамин мақсад намояндагони ТТЭ ҲНИ  аз минбарҳои баланди издиём баромада, мардумро  гумроҳ карда ба гирдиҳамоиҳоии оммавӣ ва мубориза бар зидди ҳукумати амалкунандаи он вақтаина даъват менамуд. Аз нерӯи бузурги ҷавонони гумроҳ, ки дар он солҳо хату саводи динии кофӣ надоштанд истифода бурда, бо ҳар роҳу восита ва ҳиллаву найранг онҳоро ба қатлу куштор ва ғоратгариву харобисозиҳо даъват мекард. Билохира ТТЭ ҲНИ мардуми тоҷикро ба фирқаҳо ҷудо намуда, онҳоро байни ҳам ба низоъ андохт ва маҳз бо афрӯхтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва ҷалби мардум барои вайронии хонаи хеш аз кишвар ба назди хоҷагони худ фирор намуда, муфти хубе низ дарёфт кард.

Вақте, ки мардуми тоҷик дар хоку хун оғушта буданду, касе умеди зинда монданро надошту аз гуруснагӣ ҷон мебохтанд ва бехонаву дар гардида буданд, пешвоёни ТТЭ ҲНИ  бо зану фарзандонашон дар биноҳои боҳашамати давлати хориҷа  зиндагонӣ мекарданд. Маишат намуда, аз кори кардаашон  ҳаловат мебурданд ва ба ҳоли мардуми музлими тоҷик механдиданд. Ба андешаи банда хонаи шайтонсиратони ТТЭ ҲНИ  аз мурдаи ҳазорон ҷавони бегуноҳ сохта шуда, шароби хурдааш хуни дили модари тоҷик буд. 

Халқи оддӣ ба суханони онҳо бовар намуда ва зумрае аз шаҳрвандон ба онҳо пайравӣ  мекарданд. Онҳо дини мубини исломро барои худашон ниқоб намуда  мехостанд, шаҳрвандони зудбоварро барои татбиқи барномаҳои ботили худ гумроҳ намоянд. Дар интихоботҳо бо баҳонаи он ки “ба рӯи калимаи ислом хат кашидан куфр аст” мардумро фиреб медоданд. Мардуми зудбовар ба ин макру фиреби онҳо фирефта мешуданд.

Наҳзатиҳо дар баёни Истиқлолу арзишҳои он, Ваҳдат ва сулҳу субот сухан нагӯед, зеро барои бунёди Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ саҳме нагузоштаед, баръакс он ҳама нокомиҳо, хориву зориҳо бо ташаббуси шумо ба сари ин миллат омад. Шумо қадри Истиқлолият, худшиносӣ, сулҳу суботро аз куҷо мефаҳмеду дарк мекунед, зеро гӯши шумо гӯши хар аст.

Мардуми куҳансолори тоҷикро мебояд пайи ҳақиқат талош варзанд ва ба қадри заҳмату талошҳои пайгирона ва ҷавонмардонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасанд, зеро роҳи мо танҳо як аст, роҳи сулҳ, ваҳдат ва созандагиву бунёдкорӣ. Боқӣ  Ваҳдату Истиқлолияти Тоҷикистон ҷовидона бошад.

Саёҳат Абдуллозода, сокини  ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg