БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРНОМАЕ, КИ БАШОРАТИ ШУКУФОӢ ДОРАД

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. дар маҳаллаи Тутқавули Ҷамоати  деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак ҷиҳати таблиғи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистн Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ доир гардид.      

Дар вохурӣ аъзои гурӯҳи таблиғотӣ Содиқов Абдуғаффо оид ба  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистн Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, аз ҳафт соли пусамари роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда,  иброз дошт, ки дар ҳафт соли гузашта ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат баҳри пешрафту шукуфоии  Ватан  зиёд ба чашм расидааст ва ин ҳама талошу заҳматҳои ин шахсияти бузург аст, ки  Тоҷикистони маҳбуби мо боз ҳам рушд намуда,  ба сӯи ояндаи дурахшонтари худ ҳаракат намуда истодааст.

Дар фарҷом сокинони маҳала иброз доштанд, ки дар маъркаи муҳими сиёсии дар пешистода фаъолона иштирок намуда,  ба номзади арзандаи ҲХДТ овоз медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg