МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо иштироки интихобкунандагони кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати шаҳраки Муъминобод вобаста ба таблиғу ташвиқӣ номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон мулоқот доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур аъзои гурӯҳи таблиғотӣ доир ба муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешрафту ободии Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоиста ба мардум суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки воқеан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи таҳсин мебошад ва мо шаҳрвандон бояд хизматҳои бесобиқаи ин шахсияти таърихиро қадр намоем ва дар рӯзи интихобот барои ояндаи дурахшони худ ва фарзандонамон ба номзади арзанда овоз диҳем.
Сипас, иштирокчиёни ҳамоиш ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу дархостҳои хешро пешниҳод намуда, иброз доштанд, ки дар рӯзи интихобот ба номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй медиҳанд.