БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ШУКУФОИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ХУД ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Эшонободи Ҷамоати деҳоти Гулистон вобаста ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфар ба сухан баромада, оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2013-2020,  нақшаҳои ҲХДТ дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар даҳ соли оянда ба ҳозирин шарҳ дода, иброз дошт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ халқу миллат ва Ватанашро чун фарзандонаш аз дилу ҷон дӯст медорад. Баҳри беҳбудии некӯаҳволии халқ ва ободии Ватани азизаш ҷонашро фидо мекунад. Ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошад. Аз ин ҷост, ки ӯро халқ дӯст медорад ва чун Роҳбари давлат эътироф мекунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg