БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ - МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шиинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақшаи тасдиқшудаи Ситоди ноҳиявии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон таблиғотчиёни назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Кӯшониён бо аҳолии деҳаҳои 20 – солагии Истиқлолият, Байнал ва Зарафшон мулоқот доир намуданд.

Таблиғотчиён дар мулоқот  доир ба хусусиятҳо ва бартариятҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода, дар идомаи суханронӣ атрофи иҷроиши Барномаи қаблӣ, дастовардҳои даврони роҳбарии номзади арзанда ва нақшаҳои минбаъдаи он ибрози ақида карда, даъват бар он намуданд, ки  дар интихобот иштироки ҳар як шаҳрванд  ҳатмӣ буда, барои ояндаи  ободи Ватан  саҳми арзандаи хешро гузоред.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg