КӮЛОБ. Дар доираи Соли шиинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб вобаста ба тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот бо сокинон доир гардид.
Дар хониши сиёсӣ аз ҷониби узви гурӯҳи тарғиботӣ Шоинов Ҳасан оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2013-2020 иброз гардида, инчунин оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2021-2027 таҳияшуда ба ҳозирин шарҳ дода шуд.
Дар охир аз ҷониби иштирокчиён баён гардид, ки номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.