КӮЛОБ. Дар доираи Соли шиинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташабусси ташкилоти ибтидоии “Шифо”-и Маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солими минтақаи Кӯлоб баҳри тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бо маром идома ёфта истодааст.
Аъзои ташкилоти ибтидоии “Шифо” аз рӯзҳои аввали хуруҷи бемории сироятии коронавирус дар кӯчаву маҳаллаҳо, муассисаву ташкилотҳо ва бозорҳои шаҳр ба сокинон ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ва тарзи дурусти истифодаи маводҳои антисептикӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, маводҳои антисептикӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводҳои иттилоотӣ ба сокинон дастрас гардониданд.