А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ифтихор корҳои фаҳмондадиҳии пешазинтихоботиро миёни сокинон роҳандозӣ намуданд.
Дар мулоқоту вохӯриҳои мазкур ҳизбиён бо мардум оид ба масъалаҳои интихобот, масъулияти шахсӣ ва ҳуқуқӣ доштани ҳар як шахс дар интихобот суханронӣ намуда, таъкид бар он доштанд, ки барои ояндаи дурахшони кишвар ва ба хотири зиндагии шоистаи мардум моро мебояд дар интихобот бо таҳлилу ақлу заковати хеш иштирок намуда, бо дарки масъулияту ҳуқуқи шахсӣ интихоб намоем. Мо ҳамаамон якояк интихоб намуда, як овозӣ дорем ва бояд дар ин самт ҳуқуқи касеро поймол накунем.
Дар баробари фаҳмондани моҳияти интихобот ҳизбиён мардумро бо дастовардҳои замони истиқлолияти кишвар шинос намуда, Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ намуданд. Аз корнамоиҳо ва заҳмату меҳнатҳои чандинсолаи бенуқсони Пешвои миллат барои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ёдовар гардида, мардумро рӯзи 11 октябри соли 2020 ба интихобот даъват намуданд.