ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳамарӯза тибқи нақшаю чорабиниҳои гурӯҳи таблиѓотиву ташвиқотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон оид ба таблиѓу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардида истодааст.
Дирӯз бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим вохӯрии судманд дар деҳаи Сумбулаи Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур раисони маҳаллаҳо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва ҷамоат иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар охири вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиён изҳори миннатдорӣ нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардида, иброз доштанд, ки рӯзи 11октябри соли равон ҳама якҷоя дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ба ҷонибдории номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳем.