БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КӮРДИЛОНИ НОСИПОС

         Ту, ки аз меҳнати дигарон беғамӣ,

         Намояд номат ниҳон одамӣ.

ВОКУНИШ. Дар ҳақиқат  ҳам ин мисраҳои шоир барои Муҳидин Кабирӣ ва ҳамаслаконаш таалуқ доранд. Барои мардуми шарифи Тоҷикистон Худованд истиқлолиятро бе ягон муноқишаю кашмокаш ато намуд.

Аммо дар як муҳлати ниҳоят кӯтоҳ ҷонибдорони ҳизби наҳзати Ислом истифода аз хоҷагони хориҷиашон мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ду қисм тақсим кардан ва ба сари мардум чи рӯзҳои талху нангин оварданд, ки  ин барои мардуми шарифи Тоҷикистон маълум аст. Тамоми мардуми Тоҷикистон аз ӯ бедодгариҳо огаҳанд ҳама дар орзуи ӯ буданд, ки як бори дигар ҳамин давлат як давлати сулҳпарвару халқпарвар мешуда бошад.

Шоири ширинбаёну ширинсухан Ашӯр Сафар дар ҳамон солҳои талхи таърих дар нафасҳои охиринаш бо сад сӯзу гудоз гуфта буд.

        

            Боз як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,

         Дар ин мулки ғамзада базму тараб мешуда бошад.

         Ба ҷои ин давлати сулҳгадоён,

         Як давлати сулҳпарвар мешуда бошад.

Воқеан  ҳам шоирон ба дарди дили мардум бисёр бо назаранд ва ифодагари дарду ғами мардуманд. Хизматҳое, ки Пешвои-миллат ба мардуми шарифи Тоҷикистон кардааст ба ҳама хурду калон маълуманд. Дастовардҳои Тоҷикистони  соҳибистиқлоли мо зери сиёсати хирадмандони Пешвои муаззамаш барои ҳар як фарди солим, ки маълуманд.

Имрӯз ин кӯрдилони рашкзада ин дастовардҳоро дида наметавонанд ва аз расонаҳои хабарии иғвоангезии хориҷӣ номи поки созандагони Ватанро доғдор намуда, санги маломат мезананд. Ҳамин аст, ки шоири тоҷик Гурез Сафар он кӯрдилони носипосро мазамат намудааст.

 

         Ин олами зеборо,

         Ин мулки дилороро.

         Ин сулҳу мадороро,

         Дирӯзи аламбору.

         Имрӯзи гувороро,

         Кӯрӣ, ки намебинӣ?!

 

         Аз неъмат истиқлол,

         Аз давлати истиқлол.

         Ҳар дил ба наво ояд,

         Аз ваҳдати истиқлол.

         Рақсидани дилҳоро,

         Кӯрӣ, ки намебинӣ?!

 

         Ғамҳост пароканда,

        Лабҳост пур аз ханда.

        Гардид зи нав имрӯз,

        Наврӯзи Аҷам зинда.

        Ин базму тамошоро,

        Кӯрӣ, ки намебинӣ?!

 

       Дунё ҳама дигар шуд,

       Тоҷик музаффар шуд.

       Лафзи хуши зебояш,

       Лафзи сари минбар шуд.

       Дороии дороро,

       Кӯрӣ, ки намебинӣ?!

 

Мактаб чи фаровон шуд,

Матлаб чи фаровон шуд.

Дониш талабу илме,

Имрӯз, ки арзон шуд.

Ин маҳзани маъноро,

Кӯрӣ, ки намебинӣ?!

 

Ҳар дил зи фараҳ нозад,

Аз шодии пурбозад.

Ҳар рӯз бинои нав,

Бо зеб қад афрозад.

Ин суръати аҳёро,

Кӯрӣ, ки намебинӣ?!

 

Бас кун ту дигар ғайбат,

Озод шав аз нафрат.

Шукрона бикун дигар,

Бар ин Ватану давлат.

Ин заҳмати Пешворо,

Кӯрӣ, ки намебинӣ?!

Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон шуморо хуб мешиносад шахсе, ки қимати модари хеш, қадри падар нашиносад чи хел ҳуқуқи маънавӣ дорад, ки дигаронро насиҳат кунад.

Муҳидин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар аввал аз номи шарифи Ислом худро ҳомии ин дин шумурда, мардумро ба гумроҳӣ  бурдаанд. Имрӯз бошад дар ниқоби дигар баромад дорад.

Имрӯз ҳар фарди соҳибақл аз сабақҳои талхи таърих огоҳанд, дигар муҳтоҷ ба насиҳатҳои Муҳидин Кабирӣ нестанд.

Зери сиёсати халқпарваронаи Пешвои миллат ба дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳо соҳиб гаштем. Ҳар як фарди ба ору номуси Ватан шукрона аз ин дастовардҳо дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар пеш маъракаи муҳими сиёсӣ Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истодааст, ки он дар доираи Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ монда шуда, барои ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ шароити хуби иштирок дар интихобот муҳайё мебошад.

Аз ин маъракаи сиёсӣ истифода карда, ин кӯрдилон боз ба иғвоҳояшон мехоҳанд дар байни мардум низоъҳо барафрӯзанд. Аз ин рӯ мову шумо мардуми шарафманди ҷумҳуриро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида муттаҳид ва сарҷамъ шуда,  зери сиёсати ин марди хирад Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои рушди устувори кишвари азизамон- Тоҷикистони соҳибистиқлол ва зиндагии шоистаи мардум камари ҳиммат бандем.

Дар иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон барору комёбиҳо таманно дорам.

Шарофзода Ҳомидҷон Қодир, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз

         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg