БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Бохтар нахустин вохӯрии аъзои Гурӯҳи тарғиботии вилоятӣ ва шаҳрӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони маҳаллаи Хатлон доир шуд.
Дар вохӯрии мазкур аъзои гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон собиқадори ҲХДТ Қосимзода Солеҳа, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Хатлон” Асалмо Сафарзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, аъзои Ситоди пешазинтихоботӣ ва гурӯҳи тарғиботии шаҳрӣ, сокинон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок доштанд. Сараввал Иброҳимзода Неъматулло суханронӣ намуда, доир ба мақсади вохӯрӣ ибрози андеша кард.
Сипас, Қосимзода Солеҳа ва Асалмо Сафарзода ба сухан баромада, дар бораи номзади аз ҷониби ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбаришуда ва Барномаи пешазинтихоботии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода, гуфтанд, ки Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ таҳти унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум”, қабул гардида, он тамоми соҳаҳои зиндагии мардумро фаро мегирад. Мо дар ҳафт соли оянда мақсад гузоштаем, ки рушди устувори иқтисоди миллиро таъмин намоем, дар доираи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат бо ҷалби бахши хусусӣ корхонаҳои истеҳсолии нав бунёд кунем ва истеҳсоли маҳсулоти ба рақобати бозор тобовар ва ба содирот нигаронидашударо ба роҳ монда, тамоми иқтидорҳои мавҷударо дар ин самт сафарбар созем. Дар интиҳои вохӯрӣ Иброҳимзода Неъматулло аз иштирокдорони ҳамоиш даъват намуд, ки 11 октябри соли 2020 дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд, зеро овози ҳар як сокини кишвар ҳалкунанда ва муҳим аст.
Бояд гуфт, ки дар асоси нақшаи кории гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Бохтар бо риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ бо сокинон вохӯриву суҳбатҳо доир карда мешавад. Дар гурӯҳи тарғиботӣ аъзои ҳизб, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Бохтар, омӯзгорон, кормандони соҳаҳои гуногун, собиқадорон, соҳибкорон, ҷавонон, волонтёрон ва дигарон шомил мебошанд.