БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба баргузории чорабиниҳои маърифативу варзишӣ ва иттилоотӣ ҷиҳати ихтиёран сафарбар гардидани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020 ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагони ҷавон роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мақсади фаҳмонидани моҳияти интихобот, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар самтҳои азхудкунии илму дониш баргузор гардида истодааст. Дар Гимназияи давлатии ба номи Санг Одинаи ноҳияи Балҷувон миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимӣ суҳбату вохӯрӣ доир гардид.
Мавриди зикр аст, ки роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Балҷувон Муродова Марҷона суҳбатро оѓоз намуда, қайд кард, ки илму маориф дар пешбурди ҳар як ҷомеа нақши муҳиму созгор дорад ва ба ҷомеаи шаҳрвандии мо низ аён мебошад, ки ояндаи миллат ва давлат дар дасти ҷавонони ояндасоз аст. Бинобар ин вазифаи муқаддаси ҳар як шахс ба камол расонидани насли солим, соҳибмаълумот, бунёдкор, миллатдӯсту меҳанпараст буда, тарбия намудани фарзандон дар руҳияи анъанаҳои миллӣ қарзи ҳар як волидайн мебошад. Аз ин рӯ, муҳимтарин вазифаи мо ҷавонон ҳамчун шахсии соҳибватану миллатдӯст ва ояндасоз дар роҳи таҳкими дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ва рушду шукуфоии Ватанамон ин пеш аз ҳама созандагист. Аз ҳамаи интихобкунандагони ҷавон даъват бамал оварда шуд, ки иштироки фаъолона намуда, саҳми назарраси хешро дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоранд.