БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОХТАР. МУАРРИФИИ БАРНОМАҲОИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАДҲО БА МАСНАДИ ПРЕЗИДЕНТӢ

17 сентябр дар ҳавзаи интихоботии Бохтар – 44 нахуствохӯрии номзадҳои президентӣ бо сокинон доир гардид ва моҳияти барномаҳои пешазинтихоботии онҳо барои ҳафт соли минбаъда шарҳ дода шуданд.
Дар вохӯрӣ Азизӣ Абдуҷаббор, муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барномаи номзади ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳафт соли минбаъда ба ҳозирин шарҳ дод. Ӯ гуфт, заҳмату талошҳои Раиси муаззами ҲХДТ аст, ки кишвари мо дар як муддати начандон тӯлонӣ ба як давлати ободу пешрафта табдил ёфт ва онро созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона эътироф мекунанд.
Зимнан, Азизӣ Абдуҷаббор илова кард, ки давоми ҳафт соли гузашта, мо ба чанд ҳадафи стратегии кишвар, аз ҷумла баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мушарраф гардида, барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, бо ба кор андохтани ду чархаи аввали НБО Роғун, ки роҳи моро барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои некамон наздик намудааст, шарафёб мегардем. “Соли 2013, 17 млр кВ/соат неруи барқ истеҳсол мешуд. Ҳоло ин шумора ба 21 млр кВ/соат расидааст, ки ин аз хизматҳои Сарвари давлат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳамзамон бо эълон гардидани солҳои 2019 - 2021, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои рушди иқтисодиёти сокинон дар шаҳру деҳоти кишвар, беш аз 20 ҳазор иншооти тайиноташон гуногун ба истифода дода мешавад, ки ҳоло корҳои ободонию созандагӣ бо суръати муайян идома доранд,” – гуфт Азизӣ Абдуҷаббор.
Ӯ илова кард, ки ҳоло дар ҳама бахшҳои хоҷагии халқ пешравиҳои назаррас мушоҳида гардида, ҳадафҳои олӣ зери роҳбарии Раиси муаззами ҲХДТ пайи ҳам амалӣ гардида истодаанд. Дар ин сурат моро зарур аст, ки барои пиёда сохтани ҳадафҳои созанда камари ҳиммат баста, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба номзади арзандаи хеш овоз диҳем.
Амонулло Ашурзода, раиси ҳавзаи интихоботии Бохтар – 44 қайд кард, ки дар шаҳри Бохтар 41 участкаи интихоботӣ ташкил шудааст ва дар ин участкаҳо рӯзи интихобот сокинони маркази вилоят фаъолона ба номзади арзандаи хеш овоз хоҳанд дод.
Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар баромадаш қайд кард, ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, даромади бештари сокинон аз ҳамин соҳа сарчашма мегирад. Дар барномаи мо тамоми ҷанбаҳои соҳа гирд оварда шудааст, ки аз ҳашт банд иборат мебошад. Дар барнома масъалаҳои миллӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавиёт, илму маориф, дастгирии ҷавонон ҷой дода шудааст, ки ин ҳама барои пешрафти кишвар ва беҳтар шудани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар мебошад.
"Бахши кишоварзӣ яке аз муҳимтарин соҳаҳо ба ҳисоб рафта, амнияти озуқавории мамлакат аз он сарчашма мегирад. Мо пешбинӣ кардаем, ки андозбандӣ дар ин соҳа бозбинӣ карда шавад, то кишоварзон ба сабукиҳои бештар дастёб гарданд," - афзуд Р. Латифзода.
Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳузури иштирокдорон гуфт, ки ҳадафи асосии ин ҳизб пеш аз ҳама сулҳу ваҳдат мебошад. Яке аз самтҳои барномаи ҳизб баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии сокинон, дастгири занони танҳо, иштирокчиёни садамаи "Чернобел" аст.
Номбурда афзуд, ки ба вижа фаъолият кардани соҳаи маориф ва ҷалби мутахассисони касбӣ яке аз самтҳои дигари барномаи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Рустам Раҳматзода, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар баромадаш қайд кард, ки мо бояд бозори коғазҳои қиматбаҳоро ба роҳ монем, зеро миллиардҳо сомонӣ дар сандуқҳои сокинон аст, ки онҳоро бояд ба гардиш даровард. Барои ин мебояд ислоҳоти иқтисодӣ гузаронид. Дар ин сурат хоҷагиҳои деҳқониро бояд ташкил кард, ки мардум барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар рӯ оранд.
Заррагул Мирҳасанова, котиби марказии Ҳизби комунистии Тоҷикистон, аз номи Мироҷ Абдуллоев раиси Ҳизби комунистии Тоҷикистон дар баромади хеш қайд кард, ки ҳадафи асосии ҳизб ин пеш аз ҳама бунёди ҷомеаи адолатхоҳ ва ҷавобгӯи манфиатҳои меҳнаткашон буда, таъмини ҳуқуқу озодиҳо, фароҳам овардани шароити шоистаи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои мардумро муҳим медонад.
Дар анҷоми вохӯрӣ даъват шуд, ки сокинон дар рӯзи интихобот санаи 11 октябри соли равон фаъолона ширкат варзида, барои ояндаи босуботи Тоҷикистони азиз ба ҷонибдории номзади арзанда овоз диҳанд.
 Манучеҳр Ҳасанов, "Ҳамрози халқ"
                                                                           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg