БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ МО БАРОИ ОЯНДАИ БОСАОДАТ АСТ!

ШАҲРИТУЗ.  Дар доираи Соли шинохти бештари  манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз бо мақсади шарҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и деҳаи Қумшоҳ мулоқот доир намуданд.

Зимни мулоқот масъулин аз Барномаи пешазинтихоботии номзад иқтибосҳо оварда, иброз доштанд, ки мо шаҳрвандон вазифадорем, ки дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлатро дар самти пешрафту ободии Ватанамон сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи хеш қарор дода,  дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузошта, барои худ ва насли оянда шароити хуби зиндагӣ фароҳам оварем.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg