БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ ХОТИРМОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари  манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Иттифоқ бо усули “хона ба хона” ва  бо гузаронидани ҷамъомад дар ташкилоти ибтидоии “Иттифоқ” оид ба таблиғу ташвиқи номзад ва Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳ монданд.  

Дар мулоқоти мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар бораи масъулияти шахсӣ доштан ва ҳар шахс бо истифода аз ҳуқуқи худаш иштирок дар интихобот ва саҳмгузории мардум барои ояндаи дурахшони кишвар тавассути интихоб намудан суханронӣ намуда, дастовардҳои мамлакатро тайи ҳафт соли охир ёдовар гардиданд.  

Ҳамзамон, намояндагон дар ин мулоқотҳо ба мардум Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оид ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар муаррифӣ намуда, сокинонро ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, тоза кардану гузаронидани корҳои безараргардонии  кӯчаву маҳаллаҳо ва обод намудани маҳалли зист даъват намуданд.   

               

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg