БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ МО ИНТИХОБИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН АСТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари  манфиатҳои миллӣ. Суҳбату вохӯриҳои ҳизбиён бо интихобкунандагони маҳаллаҳои Ҳомиён ва Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Қумсангир  вобаста ба таблиғи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ Сабурзода Насим муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва аъзои гурӯҳи тарғиботӣ Зубайдов Маҳмадшариф ширкат варзиданд.

Чорабиниро муовини  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим пеш бурда, дар баромади худ оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  муфассал суханронӣ намуд. Ҳамчунин, аъзои гурӯҳ атрофи Барномаи мазкур изҳори андеша намуд.

Дар давоми чорабинӣ бошад,  маводҳои иттилоотӣ вобаста ба дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ дар зарфи 29-сол дастраси интихобкунандагон гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg