ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади шарҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаҳои Меҳнатобод ва Суғдиёни Ҷамоати деҳоти Қумсангир мулоқот доир намуданд.
Зимни суҳбат масъулин аз Барномаи пешазинтихоботии номзад иқтибосҳо оварда, иброз доштанд, тадбирҳои зикршуда имкон медиҳанд, ки дар муддати ҳафт соли оянда модели нави иқтисодӣ амалӣ гардида, ҳадафҳои стратегии кишвар тадриҷан татбиқ шуда, вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ ба куллӣ
тағйир меёбад.
Инчунин, дар доираи ин амалҳо шуғли аҳолӣ ба танзим даромада, сатҳи муҳоҷират ба хориҷи кишвар ба маротиб коҳиш меёбад ва барои мардум шароити зиндагии шоиста фароҳам оварда мешавад.
Дар давоми чорабинӣ бошад, маъводҳои иттилоотӣ вобаста ба дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ дар зарфи 29-сол дастраси интихобкунандагон гардид.