ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати татбиқи Аксияҳои ҳизбии “Ниёзмандонро сарпаноҳ мешавем” , “Дар амнияти озуқавории шаҳрвандон саҳм мегузорем” дар байни соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша дар асоси сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Ҳафтаи ҷорӣ дар бобати дастгирии оилаҳои ниёзманд корҳои неке ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла соҳибкорон, бародарон Сангалии Абдуғаффор ва Саттор Саидов ба 70 оилаи ниёзманд аз ҳисоби маблағҳои шахсӣ се килограммӣ гӯшт тақсим намуданд. Онҳо ният доранд, ки дар арафаи санаҳои муборак ин амали хайри худро мунтазам такрор намоянд.
Архивӣ Моҳона
- Феврал 2022 (1)
- Январ 2022 (368)
- Декабр 2021 (419)
- ноябр 2021 (429)
- Октябр 2021 (316)
- Сентябр 2021 (269)
- Август 2021 (467)
- Июл 2021 (325)
- Июн 2021 (543)
- Май 2021 (627)