ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои расонидани маълумотҳои тиббӣ ба сокинони деҳаи Боғчаи Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо усули “хона ба хона” суҳбат доир намуданд.
Дар суҳбатҳо ҷиҳати истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ ва дигар талаботҳои гигиенаи шахсӣ сухан рафта, таъкид гардид, ки талаботҳои беҳдоштӣ роҳи асосии сироят наёфтан ба ин беморӣ ва дигар бемориҳои сироятӣ мебошад.
Дар суҳбати доиргардида 79 нафар сокинони манзилҳои истиқоматӣ иштирок намуда, дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз ин беморӣ маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.