БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НОМЗАДИ АРЗАНДАИ ХУДРО ҶОНИБДОРӢ МЕНАМОЕМ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари  манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода бо сокинони деҳаи Чойлобкамари Ҷамоати деҳоти  Чубек оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таблиғу ташвиқи номзади арзандаи ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ гузарониданд.

Зимни баромад раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода оид  ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, бахсус 7 соли охир аз соли 2013 то 2020 суханронӣ карда, қайд намуд, ки маҳз бо сарварии Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои стратегии кишвар  истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ҳаллу фасл гардид. Пешвои миллат дар баробари бузургтарин чеҳраи сиёсии ҷаҳон, инчунин роҳнамои воқеии халқу миллат аст, ки бо чароғи хирадафрӯз ояндаи халқи моро нуру зиё бахшидааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg