ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади тарғибу ташвиқи пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва ҳамзамон, Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16.09.2020 бо усули хона ба хона дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳия гардиш намуданд.
Зимни суҳбат бо оилаҳо масъулин масъулин иброз доштанд, ки дар ҳафт соли оиянда амали намудани як қатор корҳои муҳими давлатӣ аз қабили амалӣ намудани сиёсати экологӣ доир ба коҳиш додани таъсири фаъолияти инсон ба муҳити зист, тавсеа бахшидан ба сиёсати «иқтисоди сабз», вусъатдиҳӣ ва дастгирии давлатии низоми соҳибкории экологӣ, идома додани сохтмони НБО-и «Роғун», НБО-и «Себзор», хатти интиқоли барқи байналмилалии Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ «CASA - 1000», таҷдиди НБО-ҳои «Норак», «Қайроққум» ва «Сарбанд», бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли неруи барқ ва гармӣ ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар дар назар аст.
Ҳамзамон, аз тарафи масъулин варақа - таъкидҳо ва ба ашхоси ниёзманд ниқобҳои тиббӣ ва маводҳои антисептикӣ тақсим карда шуд.