ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягь бо ҳайати гурӯҳи корӣ оид ба шарҳи нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва пешгирии паҳншавии бемории коронавирус дар ташкилоти ибтидоии “Маҳаллаи №6” хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Масъулин зимни суханронӣ иброз доштанд, ки дар замони истиқлолият беш аз 2100 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи 11,4 милиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Танҳо дар ду соли охир зиёда аз 200 километр роҳҳои аҳамияти дохиливу байналмилалӣ ва 45 пул сохта ба истифода дода шудааст. Ҳоло дар соҳаи нақлиёт ба маблағи умумии 7,5 миллиард сомонӣ 14 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки чанде аз инҳо аллакай ба истифода дода шудаанд. Дар натиҷа ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ-раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҷиҳати таъмини рафтуомади доимии нақлиёти мусофиркашу боркаш байни минтақаҳои гуногуни кишварамон ва давлатҳои ҳамсоя ноил мегардем.
Дар идомаи суҳбат масъулин дар масъалаи пешгирӣ аз бемории сироятии короновирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ҳарф зада, ба ҷамъомадагон маводҳои таблиғотӣ ва ниқобу маҳлулҳои безараргардонӣ тақсим намуданд.