ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи ҷадвали суҳбату вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо аъзову ҷонибдорони ҲХДТ дар деҳаи Зағертути Ҷамоати деҳоти Ваҳдат оид ба масъалаи иштирок дар интихоботи Президентӣ вохӯрӣ доир гардид.
Дар ин мулоқот узви гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Суҳроб Валиев иштирок намуда, дар бораи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба дастовардҳои замони истиқлолият ва хизматҳои бемислу беназири Пешвои муаззами миллат, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистони азиз кардаанд, ибрози андеша карда, сокинонро барои дӯст доштани Ватан, расидан ба қадри неъматҳои бузурги истиқлолият ва хизматҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат ҳидоят намуданд.