БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Оилаи солим кафолати фардои босаодат аст

ЛЕВАКАНТ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар Қасри фарҳанги шаҳр бахшида ба Рӯзи оила мизи мудаввар таҳти унвони «Оилаи солим-ҷомеаи солим» баргузор карданд.

Дар чорабинии мазкур оилаҳои намунавӣ ва оилаҳои ҷавон иштирок доштанд.  Солҳои охир шумораи тӯйҳои домодию арӯсӣ  чанд маротиба зиёд гашта бошад ҳам, масъалаи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол то сол зиёд мегардад, ташвишовар  гардидааст. Сабаби ин ҳолат, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона мебошад. 

Мақсад аз баргузорӣ ва даъват кардани оилаҳои намунавӣ аз он иборат аст, ки заррае ҳам бошад аз зиндагии намунавии худ қисса карда, то ин, ки ҷавонон ибрат гиранд. Раиси ташкилоти ибтидоии «Эшонобод» Валиев Бердӣ яке аз он оилаҳое ба шумор меравад, ки тавонистааст мавқеъи худро дар ҷомеа муайян созад ва фарзандони соҳибмаърифату накӯкирдорро ба воя расонад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант  иштирокчиёни маҳфилро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда, раиси ташкилоти ибтидоии «Эшонобод» Валиев Бердӣ ҳамчун гирандаи унвони «Оилаи ибратбахш» ба оилаҳои ҷавон туҳфаҳоро тақдим намуда, ба онҳо зиндагии бо меҳру муҳаббати бепоёнро таманно намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg