ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Марзбон” Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Худ ва дигаронро аз вируси “COVID-19” ҳифз менамоем!" баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории аксия пешгирии паҳншавии вируси COVID-19 мебошад. Ба иштирокчиён таъкид карда шуд, ки дар кӯча ва хона қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, худ ва дигаронро аз ҳама намуди бемории сироятӣ эъмин нигоҳ доранд. Инчунин, дар идомаи суҳбат вобаста ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинон фаҳмонида шуд.