БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ САҲМ ГУЗОШТАН ДАР РУШДИ МИНБАЪДАИ КИШВАР АСТ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари  манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилотҳои ибтидоии “Марзбон”, “Лоҳутӣ” ва “Баҳор”-и  Ҷамоати шаҳраки Панҷ вобаста ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хониши сиёсӣ баргузор гардид.  

Дар ин вохӯрӣ аз ҷониби  масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ оид ба Барномаи пешазинтихоботӣ барои 7 соли ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  суханронӣ  карда, қайд намуда шуд, ки Барномаи мазкур дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дар назардошти дурнамои 7- соли оянда (2020-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg