БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН АСТ

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои  миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар як ҷоягӣ бо  гурӯҳи тарғиботӣ дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  ва минтақаҳои манзилии шаҳр  оғоз намуданд.

Сараввал  дар вохӯрии мазкур Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сокинон муаррифӣ карда шуда, Қумринисо Гулмуродзода раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар бораи иштироки мардум дар интихобот ва ҳуқуқи ҳар як шахс марбут ба интихобот суҳбат намуда, иштирок дар интихоботро аз ҷониби ҳар як шаҳрванд садоқат ба халқу Ватан ва ҷонибдорӣ аз сиёсати давлату ҳукумат арзёбӣ кард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg