МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо иштироки 38 нафар сокинони кӯчаи ба номи Ҷавонони Ҷамоати шаҳраки Муъминобод мулоқот вобаста ба таблиғу ташвиқи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Раҷабова вобаста ба моҳияти Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои замони соҳибистиклолии кишвар тахти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, ҳамагонро барои расидан ба қадри неъматҳои бузург ва ғамхориҳои Роҳбари давлат ҳидоят намуданд.