БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ ШАҲРВАНДОН САҲМ МЕГУЗОРЕМ!

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари  манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод Аксияи ҳизбиро таҳти унвони "Дар таъмини амнияти озуқавории шаҳрвандон саҳм мегузорем!" корҳои таблиғотиву ташвиқотиро миёни аҳолӣ ба роҳ мондааст.

Зимни баргузории Аксияи ҳизбӣ кормандони масъул ба сокинон тавсияҳо доданд, ки аз ҷониби ҳар як оила барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони имсола барои таъмини захираи маводи ғизоӣ омода намудани консерваҳо, шарбатҳои мева, инчунин, дар таҳхонаҳои худ захираи донагиҳо,  аз қабили лӯбиё нахуд ва ғайра захира карда шаванд.Дар навбати худ сокинон вобаста ба масъалаи мазкур мулоҳизаронь карда, қайд карданд, ки  бо исттифода аз заминҳои дар ихтиёрдоштаи хеш барои фасли зимистон аз меваҷоту сабзавоту хуштаъм  консерваҳову мураббо ва дигар намуди шарбатҳоро, инчунин  маҳсулоти донагиҳоро захира намудаанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg