БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН: МО ДУБОРА ФИРЕФТА НАМЕШАВЕМ!

АНДЕША. Тӯли 29  сол аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо соҳибистиқлол гардида, мардуми шарифи кишвар соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои орому осудаи Ватани азизамон кабӯтари истиқлол парфишонӣ дорад. Аз саҳифаҳои таърих бармеояд, ки фарзандони фарзонаи ватандӯсти кишварамон баҳри ҳифзи ин миллат, ин сарзамин талошҳои зиёде кардаанд то ки кишвари азизи мо аз он ҳама ҷангу ошӯбу ғавғоҳо ва зулму ситами бадбинону хоинон эмин бошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти худро ба даст овард ва ҳамчун як кишвари мустақил эътироф гардид. Аз ҳамон лаҳзаҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти Ватан баъзе аз душманону хоинони миллат, ки қадри Истиқлолияту озодӣ  намедонанд бо маблағгузорию дастгирии хоҷагони хориҷиашон кишвари тозаистиқлоли моро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Дар ин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки барои мо дарси сабақомӯз аст, ҳазорҳо нафар сокинони мамлакат кушта шуда, садҳо ҳазор гурезаю бе хонаю дар гардиданд. Ин ҷанг, ки дар пайи  хисороти калони молӣ дошт, барои кишвари навбунёди мо таъсири манфӣ гузошта, ободию пешрафти моро барои даҳсолаҳо қафо гузошт.
Дар он лаҳзаҳои душвори ҷанг шахсе даркор буд, то мардуми раҳгумзадаю фиребхӯрдаи кишварро аз ин роҳи вайронкорию бародаркуши раҳо бахшида, оромию осудагиро дар кишвар таъмин намояд. Ин шахси ватандӯсту фидоӣ дар роҳи таъмини сулҳу субот, Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти фардои Ватанро бар уҳда гирифт. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари ҷавону навтаъин дар ҳамон лаҳзаҳои душвор тавонист, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намояд ва Ваҳдати ҷовидонаро барои тамоми тоҷикон ҳадя созад.
Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист миллати тоҷику Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, барои пешрафту ободӣ ва дастовардҳои он чораҳои амиқу саривақтӣ андешад.
Ҳоло ки кишвари азизи мо Тоҷикистон зери сиёсати Пешвои муаззами миллат ба марҳалаҳои нави бунёдкорӣ қадам мегузорад, бархе нотавонбинон ва хоинони миллат, ки ободию пешрафти Ватани маҳбуби моро намехоҳанд, бо суханони пучу бемаънӣ ва суханпардозию фиребкорӣ мехоҳанд ҷавонони моро гумроҳ ва монеаи пешрафти Тоҷикистони биҳиштосо гарданд.
Имрӯзҳо баъзан аз душманону хоинони ин миллат, ки барои манфиати хоҷагони хориҷиашон кор мекунанд ва ҳамчун гуреза ба сар мебаранду тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ ва ташкилотҳои ба ном “Паймони миллӣ”, “Анҷумани озодандешони тоҷик” садо равшан карда истодаанд,  кулли сокинони кишварро лозим аст, ки дар ин ҷангҳои сарди иттилоотӣ  ба муқобили онҳо бархоста чун муште бар даҳонашон занем. Аён аст, ки ин хоинон ва ин нотавонбинони миллат ҳадафҳои нопоку ғаразноки худро доранд, ки мо ҷавонони саодатманди Ватан ҳар як амали онҳоро қотеъона маҳкум намуда, баҳри пешгирии ҳар як амали нопоки онҳо, ки ба ин давлату миллат равона мегардад,  мубориза мебарем.
Мо ҷавон бояд зери шиори "Мо ҷавонон пайравони асили Пешво ва созандагони фардои Тоҷикистон" ба монанди як даст мушт шуда, барои ҳимояи марзу бум ва фарҳангу асолати миллии худ ба по хезем. Шишаи номуси миллатро дар бағал дошта, то охирин нафас ба мукобили гурӯҳҳои ифротӣ  муборизаи шаддид мебарем.
Шоҳонаи Зайниддин,  валонтёр дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg