БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲНАМО БА СӮЙИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои  миллӣ. Гурӯхи тарғиботчиёни назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҳамарӯза таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ ва   корҳои фаҳмонидадиҳиро оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус бо усули “хона ба хона” ба роҳ монда истодаанд.       

Ин навбат бошад, чунин чорабинӣ дар деҳаи Умари Хайёми Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён шуда гузашт.

Масъулин дар вохӯриҳо бо сокинон оид ба пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус андешаронӣ карда, барои ҳифзи солимии ҷомеа ба сокинон тавсияҳои судманд доданд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат  дар бораи моҳияти Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ  сухан гуфта, зикр намуданд, ки ҳама дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бор оварда шудаанд ва моро зарур аст, ки ба қадри ин неъматҳои бузург расида,  барои  ояндаи босаодат кӯшиш намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg