БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД - БАРНОМАИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои  миллӣ. Дар деҳаи Зарқалъа ва Нуристони  ҷамоати деҳоти Зиракӣ бо иштироки  узви гурӯҳи   тарғиботӣ  вобаста  ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Зиракӣ  З. Ғоибова ва масъулини ҲХДТ дар  шаҳри Кӯлоб  вохӯрӣ доир карда шуд.

Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии “Нуристон” оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, иштирок ва баромад намуданд.

Ҳамчунин, зимни баромади худ  қайд доштанд, ки интихобот ифодаи олии ҳокимияти халқ ба ҳисоб рафта, ҳар шаҳрванд вазифадор аст, ки дар маъракаи муҳиммӣ сиёсӣ  фаъолона ширкат намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg